Ин мактуби дуюми Юҳанно аст (нигаред ба пешгуфтори Номаи якуми Юҳанно), ки ба яке аз хоҳарони имондор ва фарзандони ӯ навишта шудааст.
Эҳтимоли дигар ҳаст, ки баъзеҳо хоҳарро ҳамчун рамзи ҷамоати имондорон мебинанд. Дар ин мактуб низ монанди мактуби пештарааш Юҳанно фармонҳои Худоро хотиррасон мекунад, аз он ҷумла, фармонеро, ки онҳо бояд якдигарро дӯст доранд. Ӯ ба онҳо мегӯяд, ки аз рафтуомад бо шахсоне, ки худро имондор вонамуд карда, таълимоти дурӯғ ёд медиҳанд, худдорӣ намоянд.
Файл зеркашӣ кунед
