1-ум номаи Юҳанно

Ин мактубро Юҳанно дар синни пиронсолагӣ навиштааст ва бинобар ин ба имондорон падарворона «фарзандонам» ва «азизонам» гуфта муроҷиат мекунад.

Юҳанно Исои Масеҳро Калом, яъне сухану пайғоми Худо номида, дар бораи муҳаббати Ӯ хотиррасон мекунад. Аз хонандагон низ хоҳиш мекунад, ки бо якдигар бо муҳаббат рафтор кунанд, чунки Худо муҳаббат аст ва агар Ӯ дар дохили имондорон бошад, пас дар дили имондорон ҷой ба нафрат набояд бошад. Муаллиф инчунин, хонандагонашро аз шахсони зидди Масеҳ, ки душмани Масеҳ номида шудаанд, огоҳ менамояд. Онҳо шояд худро имондор вонамуд месозанд, вале аз тарзи зиндагиашон дида мешавад, ки Рӯҳи Худоро надоранд.

 


Файл зеркашӣ кунед

1-ум номаи Юҳанно

Прокрутить вверх