Нома ба Румиён (бе мусикӣ)


Павлус, ки фиристодаи Исои Масеҳ буд, ин номаро ҳангоми сафари сеюмаш тақрибан дар соли 57-уми баъд аз милод навиштааст.
Муаллиф дар ин нома (Нома ба Румиён) асосҳои имони масеҳиро пурра шарҳ додааст. Ӯ ба хонандагон фаҳмонидан мехоҳад, ки ҳама одамон, чӣ яҳудӣ ва чӣ ғайрияҳудӣ гуноҳ карда, аз нури шукӯҳу бузургии Худо маҳрум шудаанд.
Ҳеҷ як одам бо иҷро кардани шариат дар назди Худо сафед шуда наметавонад, аммо Худо ба воситаи файзу меҳрубоние, ки дар Исои Масеҳ аст, ба тамоми одамон роҳи наҷотро тайёр кардааст. Одамизод новобаста аз иҷро кардани шариат ба воситаи имон ба Исои Масеҳ сафед мешавад. Бинобар ин онҳое, ки гуноҳҳояшон дар Хуни Ӯ бахшида шудаанд, набояд ҳаёти пургуноҳи худро давом диҳанд, балки ҳамчун ғуломони Худо поку муқаддас зиндагӣ кунанд, зеро оқибати гуноҳ марг аст, аммо самараи файзу меҳрубонии Худо ҳаёти ҷовидонист.
Барои наҷоти ҳар як имондор, чӣ яҳудӣ ва чӣ ғайрияҳудӣ, Павлус хушхабари Масеҳро «қуввати Худо» меҳисобад. Ҳамчунин Павлус дар Нома ба Румиён дар бораи муносибатҳои бародарона ва рафтору одобе, ки муносиби имони масеҳӣ аст, фикрронӣ намуда, мегӯяд, ки имондорон бояд якдигарро самимона дӯст доранд ва эҳтиром кунанд, аз маҳкум кардану айб ёфтан дар дигарон худдорӣ намоянд ва дар бораи фикру ақидаи сустимонҳо баҳсу талош накунанд, балки онҳоро қабул намоянд.

s_Rumien 01

rohirost.com

00:00
  • s_Rumien 01 - rohirost.com
  • s_Rumien 02 - rohirost.com
  • s_Rumien 03 - rohirost.com
  • s_Rumien 04 - rohirost.com
  • s_Rumien 05 - rohirost.com
  • s_Rumien 06 - rohirost.com
  • s_Rumien 07 - rohirost.com
  • s_Rumien 08 - rohirost.com
  • s_Rumien 09 - rohirost.com
  • s_Rumien 10 - rohirost.com
  • s_Rumien 11 - rohirost.com
  • s_Rumien 12 - rohirost.com
  • s_Rumien 13 - rohirost.com
  • s_Rumien 14 - rohirost.com
  • s_Rumien 15 - rohirost.com
  • s_Rumien 16 - rohirost.com

Файл зеркашӣ кунед

Нома ба Румиён (бе мусикӣ)