Инҷили Марқус (Хушхабар аз Марқус)

Чуноне ки аз сарчашмаҳои қадимтарини таърихӣ маълум аст, Марқус буд, муаллифи ин китоб мебошад. Муаллиф ин Хушхабарро аз рӯйи нақли Петруси фиристода навиштааст, ки ӯ шоҳиди воқеаҳои ҳаёт ва маргу зиндашавии Исои Масеҳ буд. Аз рӯйи замони навишта шуданаш бошад, аввалин Хушхабар аст, ки дар бораи хизматгузорӣ ва таълимоти Исои Масеҳ нақл мекунад.

Дар ин китоб калимаҳои зиёди арамӣ ва расму оинҳои яҳудиён шарҳ дода шудаанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки Хушхабари Марқус барои ғайрияҳудиён навишта шудааст.

Марқус аллакай аз аввали китоб сар карда, диққати хонандаро ба муъҷизаҳои бузурги Исо ҷалб месозад. Исо баъд аз интихоб кардани чор нафар шогирдаш дарҳол ба нишон додани муъҷиза сар карда, мардеро аз рӯҳи нопок халос мекунад, хушдомани Шимъун ва як тӯда одамони беморро шифо мебахшад. Девҳо қудрати Исоро дида, бо тарсу ларз ба Ӯ итоат мекарданд. Вале роҳбарони динӣ ба Исо зид баромада, мардумро ба шӯр меоварданд ва Ӯро куштан мехостанд. Марқус аз шаҳодатҳои ҳаққонии шоҳидони зиндагии Исо истифода бурда, таъкид мекунад, ки Исои Масеҳ на фақат пайғамбар, балки бештар аз он, Писари Худо мебошад. Муаллиф воқеаҳоро ба таври ҳаяҷонбахш тасвир намуда, ба ҳама мефаҳмонад, ки Исо аз рӯҳҳои нопок, аз беморӣ ва аз марг дида қудратмандтар аст. Аммо мувофиқи китоби Марқус муъҷизаи бузургтарини Исо азоб кашида, ҷон додани Ӯ буд. Ин муъҷизаро аввалин шуда, мирисади румӣ фаҳмид. Вай дар салиб ҷони Худро фидо кардани Исоро дида гуфт: «Дар ҳақиқат ин Мард Писари Худо буд» (15:39). Марқус муносибати Исоро нисбат ба ғайрияҳудиён тасвир карда, бо суханони «Хонаи ибодат барои ҳамаи халқҳо» аҳамияти паҳнкардани хушхабарро дар байни халқҳои ғайрияҳудӣ ифода намудааст. Инчунин, Марқус, ки худаш пайрави Исо буд, ба хонандагон хотиррасон мекунад, ки ҳаёти масеҳиёна осон нест, зеро пайрави Исо бояд ба дигарон хизмат кунад ва аз азобу уқубатҳо натарсад. Аввалин пайравони Исо, ки қабрро холӣ диданд, се зан буданд. Фаришта ба онҳо гуфт: «Ҳайрон нашавед! Шумо Исои Носирии ба салиб мехкӯбшударо меҷӯед. Вай зинда шуд ва дар ин ҷо нест!» (16:6).


Файл зеркашӣ кунед

Инҷили Марқус (Хушхабар аз Марқус) (бе мусикӣ)

Прокрутить вверх